Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳдиди буҳрони молӣ ба Афғонистон


Бекории саросарӣ аксари афғонҳоро ба бозори мардикорҳо мебарад

Бекории саросарӣ аксари афғонҳоро ба бозори мардикорҳо мебарад

Гузориши нави Конгресси Амрико ҳушдор медиҳад, ки Афғонистон дар ғайри сурати кумаки бештари беруна метавонад дар пайи хуруҷи барои соли 2014 тарҳрезишудаи нирӯҳои хориҷӣ ба буҳрони молӣ дучор шавад. Ин гузориш натоиҷи таҳқиқоти дусолаи аъзои демократи кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрикост. Гузориш мегӯяд, тарҳҳои таҳти ҳимояти Амрико дар Афғонистон, бо вуҷуди масрафи 18,8 миллиард доллар дар 10 сол, муваффақияти каме дошта, фасод, дасти кӯтоҳи назорати давлат ва бозори ноқис боиси сӯъимасрафи кумакҳои хориҷӣ дар ин кишвари ҷангзада шудааст. Ба ҳисоби ин гузориш, 97 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Афғонистон аз ҳисоби масрафоти имдодиву низомии байналмилалӣ ҳосил мешавад.
XS
SM
MD
LG