Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони дифоъи кишварҳои узви НАТО имрӯз дар Брюссел ду моҳи ҳамлаҳои ҳавоӣ болои Либияро натиҷагирӣ хоҳанд кард. Ин паймони низомӣ ҳафтае пеш амалиёти таҳти мандати СММ дар Либияро, ки ҳадафаш ҳимояти мардуми мулкӣ аз нирӯҳои Муаммар Қаззофист, то 90 рӯзи дигар тамдид кард. Ба дунбол, ҳавопаймоҳои НАТО пойтахти Либия –Троблусро таҳти як силсила бомбборҳои шадид қарор доданд.
Аммо Қаззофӣ ба ин фишор тан надода, ахиран дар як паёми садоӣ, ки тавассути телевизион нашр шуд, қасам хӯрд, ки «чӣ зинда ва чӣ мурдааш» дар Либия хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG