Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози додгоҳи гумонбарон дар қатли Павлюк


Геннадий Павлюк
Геннадий Павлюк
Додгоҳи шаҳри Алма-Атои Қазоқистон ба муҳокимаи парвандаи се нафари муттаҳам ба қатли хабарнигори мустақили қирғизистонӣ Геннадий Павлюк оғоз кардааст. Павлюки 51-соларо рӯзи 16 декабри соли 2009 бо дасту пои баста аз қабати шашуми як бино дар Алма-Ато берун андохтанд ва ӯ баъди 6 рӯз дар бемористон даргузашт. Дар ин ҷиноят ду шаҳрванди қазоқ ва маъмури собиқи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Алдаёр Усмонқулов айбдор мешаванд. Аммо Усмонқулов дар додгоҳ ин иттиҳомро рад кард ва гуфт, парванда сиёсӣ буда, ӯ қурбони гурӯҳҳои манфиатҷӯе дар Қирғизистон шудааст, ки мехоҳанд аз қазияи қатли хабарнигор имтиёзи сиёсӣ бигиранд. Павлюк аз ёрони Омурбек Текебоев, раҳбари вақти мухолифини қирғиз, маҳсуб шуда, муассиси сомонаи «Белий пароход» буд.
XS
SM
MD
LG