Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи ниҳоии боздиди Э.Раҳмон аз Австрия


Э.Раҳмон ва Ҳ.Фишер

Э.Раҳмон ва Ҳ.Фишер

Боздиди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Австрия имрӯз ба поён мерасад. Оқои Раҳмон имрӯз дар Вена бо садри аъзами Австрия мулоқот карда, дар як ҳамоиши байналмилалии махсуси масоили рушди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард. Дирӯз зимни мулоқоти ӯ бо ҳамтои австриягиаш Ҳайнтс Фишер байни Душанбеву Вена созишномаи ҷилавгирӣ аз андозбандии такрорӣ имзо шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи силсиласафари шашрӯзааш ба Аврупо, ки аз Фаронсаву Австрия шурӯъ шуд, ба Люксембург ва Маҷористон сафар хоҳад кард. Ин силсиласафар 12 июн ба поён хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG