Пайвандҳои дастрасӣ

Хушбинии Бонки ҷаҳонӣ аз рушди иқтисоди Тоҷикистон


Бино ба пешбинии Бонки ҷаҳонӣ, мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон тайи 3 соли оянда аз 5 то 5,7 дарсадро ташкил хоҳад дод. Ба ҳисоби ин ниҳоди молӣ, мизони рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ то поёни соли 2013 ба сурати умум нисбат ба кишварҳои дигари шӯравии собиқ баландтар хоҳад буд. Дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар сатҳи тамоми Иттиҳоди кишварҳои ҳамсӯд аз 4,2 то 4,5 дарсад пешбинӣ мешавад, дар Узбакистон, барои мисол, то 8 дарсад мизони солонаи рушд дар назар дошта шудааст. Бонки ҷаҳонӣ аз ҷумла мегӯяд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ба тағйироти ҷиддие дар амри коҳиши касри будҷа даст хоҳанд ёфт ва асосан бо шарофати таҳвили пули муҳоҷирони худ ва кумакҳои байналмилалӣ.
XS
SM
MD
LG