Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Сурия дар Фаронса аз мақомаш истеъфо дод


Дирӯз хонум Ламиа Шакур-сафири Сурия дар Фаронса аз мақоми худ истеъфо дод. Вай аз тариқи тезевизиони France 24 гуфт, ба нишонаи эътироз бар зидди саркӯбии тазоҳуркунандагон даст ба чунин тасмим задааст. Вай дар изҳороти худ гуфт, ки дархостҳои мардумро барои демократия ва озодиҳои бештар қонунӣ медонад. Хонум Шакур аз идомаи нооромиҳо дар Сурия интиқод кард. Сафорати Сурия ин истеъфоро таъйид кардааст, вале дар бораи он тавзеҳот надодааст.
XS
SM
MD
LG