Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷароҳати Солеҳ ҷиддист ва аз хунравӣ заҷр мекашад


Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ
Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ
Дирӯз ҳазорон нафар тазоҳуркунандагон дар Санъо-пойтахти Яман ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд ва тақозо карданд, ки Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ-раиси ҷумҳури ин кишвар дар хориҷ бимонад. Ҳудуди 4 000 нафар даъват карданд, ки раҳпаймоии миллион нафарӣ анҷом бигирад. Баъд аз ҳамлаи рӯзи ҷумъа ба кохи раёсати ҷумҳурӣ Абдулло Солеҳ барои муолиҷа дар Арабистони Саудӣ қарор дорад. 40 дарсади пӯсти вай аз оташ осеб дидааст ва аз хунравӣ дар косахонаи сараш заҷр мекашад.
XS
SM
MD
LG