Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: Фишор ба Қаззофӣ барои истеъфо ташдид меёбад


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, вай ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ба тавофуқ расидаанд, ки Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия бояд ба истеъфо равад ва то замони истеъфо фишор ба вай ташдид хоҳад ёфт. Обама ин суханонро дар як нишасти хабарии муштарак бо Ангела Меркел дар Вошингтон изҳор дошт. Рӯзи сешанбе ҳавопаймоҳои НАТО яке аз маҳаллоти иқоматии Қаззофиро дар Троблус-пойтахти Либия бомбборон карданд. Ин бомбборон ғайримаъмулӣ рӯзона анҷом гирифт. Қаззофӣ дар як паёми аудиоӣ, ки аз тариқи телевизиони давлатӣ пахш шуд, изҳор дошт, ки вай “мурда ва ё зинда” ҳеҷ гоҳ таслим нахоҳад шуд ва дар Троблус хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG