Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз боздиди Раҳмон аз Австрия поён меёбад


Э. Раҳмон дар Австрия
Э. Раҳмон дар Австрия
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо идома дорад. Имрӯз дар идомаи боздиди худ аз Австрия оқои Раҳмон бо Вернер Вайман-нахуствазири ин кишвар дидор ва ҳамкориҳои миёни ду кишварро баррасӣ мекунад. Гузашта аз ин, интизор меравад, ки имрӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Вена-пойтахти Австрия дар Маҷмаи Ҷаҳонии Иқтисодӣ ширкат ва суханронӣ кунад. Дар нимаи дуввуми рӯз боздиди оқои Раҳмон аз Австрия ба поён мерасад ва вай бо ҳайати ҳамроҳонаш ба Люксеамбург меравад ва бо нахуствазиру соири мақомоти раҳбарии ин кишвар мулоқот анҷом медиҳад. Баъд аз Люксембург 10-ӯми июн раиси ҷумҳури Тоҷикистон боздиди худро аз Маҷористон идома медиҳад. Боздид аз Маҷористон ду рӯз идома меёбад ва рӯзи 12-ӯми июн ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG