Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон аз мухолифати ФИФА ба либоси исломии тими занонаи футболаш эътироз кард.

Теҳрон, ки акнун тими занонааш аз бозиҳои муқаддамотии олимпии футбол ихроҷ гаштааст, мегӯяд, ин тасмими Федерасюни байналмилаии футболро ба чолиш хоҳад кашид.

Дастури ФИФА варзишкорони Эронро амалан аз
Вақте дар даври баъд бозӣ кардем, аз бозии мо пешгирӣ нашуд ва мо мушкил надоштем. Ин ба маъное буд, ки дар давраҳои минбаъда низ роҳ ҳамвор аст ва мо метавонем ширкат дошта бошем...

иштирок дар бозиҳои Олимпии соли 2012 дар Лондон маҳрум мекунад.

Федерасиюн ба ширкати футболбозони Эрон бо либоси исломӣ дар сабқат бо дастаи миллии Урдун иҷоза надод. Ба дунболи ин дастаи Эрон ба таври автоматик бозиро ба ҳисоби 3-0 бохт, ки дар футбол “бохти фаннӣ” номида мешавад.

Мақомоти футболи Эрон таҳдид кардаанд, барои ин қарор ФИФА-ро ба додгоҳ хоҳанд кашид. Аммо аз он ҷо ки бозиҳо гузаштанд, рӯшан нест, онҳо ба чизе ноил хоҳанд шуд ё на.

Фарида Шуҷоӣ, раҳбари умури занон дар Федерацғсюни футболи Эрон мегӯяд: “Бисёр мушкил аст пешбинӣ кардан, ки чӣ натиҷае
Фарида Шуҷоӣ, ноиб-президенти Федерсюни футболи Эрон

ҳосил мешавад. Вале ман интизори бузург надорам, чун бозиҳои муқаддамотӣ дигар такрор намешаванд. Чун кишварҳое, ки самоягузорӣ карданд, ҳазина карданд ва вақт гузоштанд, мусалламан, дигар ҳозир нестанд, ки ин мусобиқот такрор бишавад. Махсусан, ки ин ҳафта мушаххас мешавад, ки кадом тим вориди марҳилаи ниҳоӣ хоҳад гашт. Ва ин бисёр баъид ба назар меояд.”

Хонуми Шуҷоӣ гуфт, мақомоти футболи Эрон аз ҷорӣ будани як муқаррароти нав пеш аз пеш маълумот дастрас накарданд. Ӯ илова кард, ки соли гузашта ба думболи ислоҳи муқаррароти либос аз ҷониби ФИФА, Эрон низ ба сару либоси бозигарони футбол дигаргунӣ ворид кард.

Хонум Шуҷоӣ иддао дорад, ки пӯшиши варзишгарони зан аз тарафи раҳбари ФИФА Сепп Блаттер тасдиқ шуда буд ва мебоист дар бозиҳо баъдӣ истифода мешуд: “Мо ба ФИФА е-майл задем ва аз онҳо шарҳ хостем. Онҳо фақат як ишорае карданд, ки мо қаблан эълон карда будем, дар сурате, ки номае қабл аз ин бозихо ба дасти
Дастаи футболи занонаи Эрон

мо бирасад, аслан вуҷуд надоштаст . Қаблан эълон кардаанд, шояд манзурашон соли гузашта будааст, ки мо ислоҳ кардем ва дар даври баъдӣ бозӣ ҳам кардем. Вақте дар даври баъд бозӣ кардем, аз бозии мо пешгирӣ нашуд ва мо мушкил надоштем. Ин ба маъное буд, ки дар давраҳои минбаъда низ роҳ ҳамвор аст ва мо метавонем ширкат дошта бошем.”

Аммо мақомоти Федерасюни байналмилалии футбол пойфишорона мегӯянд, ки ба намояндагони Эрон ва ҳам Урдун маълумоти комил ва огоҳиномаи мурооти муқаррароти либос ирсол шуда буд, ки бино бар бархе аз онҳо мебоист аз ҳиҷобҳое, ки танг баста мешаванд ва гӯшу гарданро мепӯшонанд, худдорӣ кард.

“Қарори ФИФА аз моҳи марти соли 2010 танҳо пӯшидани кулоҳеро иҷозат медиҳад, ки гушу гарданро напӯшонад,” омадааст дар изҳороти ФИФА. Дар ин изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, бо вуҷуди итминони пешакӣ, ки Эрон ин ҳамаро дарк мекунад, боз ҳам бозигарони эронӣ бо ҳиҷоб берун омаданд ва гӯшу гардани онҳо пӯшида буд. ФИФА ин амалро шикастани “Қавонини бозӣ” унвон кард.
Бори аввал нест, ки ин гуна мубоҳиса бар пояи муқаррароти либоси Федерасюни байналмилалии футбол, иттифоқ меафтад.

Худи Блаттер дар соли 2004, бо пешниҳоде, ки занҳои футболбоз бояд либоси, ба истилоҳ, “занонатар”, бо шумули “шортҳои тангтар” ба бар кунанд, зери зарба монда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG