Пайвандҳои дастрасӣ

Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии бокс China Open дар шаҳри Гуани Чин се медал ба даст оварданд.

Анвар Юнусов дар вазни то 56 кг бар се рақибаш пирӯз шуд, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз муштзани Чин мағлуб гашт ва ҷойи дуввумро касб карда, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг ду нафарро шикаст дод ва дар финал аз муштзани Чин мағлуб шуд ва соҳиби медали нуқра гардид.

Дар сабқати занон Мавзуна Чориева дар вазни то 60 кг пас аз ду пирӯзӣ барои роҳ ёфтан ба қувваозмоии ниҳоӣ аз рақиби норвегии худ мағлуб шуд ва бо соҳиби медали биринҷӣ гашт.

Мирзо Шамсиев, мураббии муштзанҳои тоҷик, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа 105 варзишгар аз 18 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. Вай афзуд, ин мусобиқа барои муштзанҳои тоҷик як давраи омодагиҳо ба мусобиқоти қитъавӣ ва ҷаҳонӣ маҳсуб мешуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё аз 3-юм то 15-уми август дар Куриёи Ҷанубӣ ва сабқати ҷаҳонӣ аз 26-уми сентябр то 10-уми октябр дар шаҳи Бокуи Озарбойҷон баргузор хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG