Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Навӣ Пиллай аз амалкарди ахири Исроил


Навӣ Пиллай, масъули ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид, аз марги 40 нафар дар баландиҳои стротегии Ҷавлон дар миёни Исроил ва Сурия, ибрози “нороҳатии амиқ” кард. Бо нашри як баёнияи расмӣ, ӯ гуфтааст, бино ба гузоришҳо, бештар аз 40 тазоҳургар дар зарфи се ҳафтаи гузашта аз тарафи нерӯҳои Исроил кушта шудаанд. Давлати Исроил мегӯяд, ин тазоҳургарон мехостанд, марзро убур кунанд ва теъдоди қурбониёнро камтар будааст. Масъули ҳуқуқи инсони Созмони Милал ба Исроил ҳушдор додааст, то нерӯҳояш аз нерӯи беш аз ҳад истифод накунанд ва аз истифодаи силоҳи оташфишон алайҳи тазоҳургарони бесилоҳ интиқод кардааст. Исроил мегӯяд, ин режими Башшор Асад аст, ки бо раҳандозии чунин тазоҳурот мехоҳад, таваҷҷӯҳро аз саркӯбии қиёмҳои мардумӣ дар дохил ба самти дигар кашад.
XS
SM
MD
LG