Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозоҳо барои таҳқиқи аъмоли давлати Сурия


Созмонҳои байналмилалӣ ва дохилии ҳомии ҳуқуқи инсон дар Сурия аз Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноят хостаанд, марги бештар аз 1000 нафар афроди осоишта дар тазоҳуротҳои зиддидавлатиро таҳқиқ кунад. Додгоҳ гуфт, дархост дар ин заминаро гирифтааст, вале ҳаққи таҳқиқи ин ҳодисаҳоро надорад, зеро Сурия узви он нест, аммо дар сурати амри Шӯрои Амнияти Созмони Милал қазияро таҳқиқ хоҳад кард. Созмони Авфи Байналмилал имрӯз аз Шӯрои Амният хост, ҳамин корро кунад. Ва айни ҳол давлати Сурия мегӯяд, ба афроди мусаллаҳе, ки 120 маъмури амниятиро дар шимоли кишвар куштанд, посухи қотеъ хоҳад дод. Маълум нест, ин ҳамла чӣ гуна иттифоқ афтодааст, аммо ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқ худи сарбозони Сурия он ҳамхидматонашонро куштаанд, ки аз тирандозӣ ба сӯи тазоҳургарон сарпечӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG