Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодаи Русия вориди шаҳри Бенғозӣ шуд


Як фиристодаи Русия имрӯз ба хотири дидору гуфтӯгу бо мухолифони давлати Либия, вориди шаҳри Бенғозӣ шуд, ки дар дасти ошӯбгарон аст. Айни ҳол, ҳавопаймоҳои НАТО қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либияро дар шаҳри Троблус ҳадаф гирифтанд. Михайил Маргелов, фиристодаи хоси Русия барои Африқо бо намояндагони Шӯрои миллии гузори Либия гуфтӯгу хоҳад дошт. Ӯ зимни вуруд ба шаҳри Бенғозӣ гуфт: “Ҷомеи Либия ду тақсим шудааст. Онҳо ба навъе дар ду соҳил қарор гирифтаанд, як гурӯҳ ба сӯи Бенғозӣ ва як гурӯҳ ба сӯи Троблус нигоҳ мекунанд. Русия вазифаи худ медонад, ки бо бунёди як пул ин ду соҳилро ба ҳам бипайвандад." Пеш аз ӯ, фиристодаи Чин ҳам бо намояндагони шӯро мулоқот кард. Имрӯз дар як ҳаракати ғайримуқаррарӣ ҳавопаймоҳои НАТО рӯзона ба як қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ дар шаҳри Троблус ва бошгоҳҳои низомиёни ӯ ҳамла карданд.
XS
SM
MD
LG