Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳукумат ва соҳибкорони Австрияро ба ширкат дар тарҳҳои энержии кишвараш даъват кард.

Зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Австрия имрӯз миёни ду кишвар созишнома дар бораи ҷилавгирӣ аз молиётбандии дутарафа имзо шуд.

Бино ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ аз Вена, Дар ҷараёни ин сафар, Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳайнз Фишер раиси ҷумҳури Австрия доир ба тақвияти ҳамкориҳо гуфтӯгу кард.

Ҳайатҳои ду тараф дар мавриди афзоиши сармоягузории Австрия ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон ба мувофиқаи пешакӣ расидаанд. То кунун Австрия дар чаҳорчӯби бонкҳои сармоягузори аврупоӣ барои бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна дар Тоҷикистон 69 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Дар нишасти хабарии муштараки президентҳои Тоҷикистон ва Австрия созишҳои дуҷонибаи густариши равобит муаррифӣ шуданд. Хабарнигорон ҳамчунин аз вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон ва марзҳои он бо Афғонистон, танқиди созмонҳои байнулмилалӣ роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дурнамои тарҳҳои обу энержии ин кишвар пурсон шуданд.

Тафсилоти бештарро дар бораи сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ва нишасти хабарии ӯ дар гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ бишнавед:



Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, қарор аст, пас аз сухан дар порлумони Австрия имрӯз аз чанд нерӯгоҳи пешрафтаи барқи обӣ дар Австрия дидан кунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG