Пайвандҳои дастрасӣ

Фиристодаи Русия дар шаҳри Бенғозии Либия


Як фиристодаи Русия имрӯз ба хотири дидору гуфтӯгу бо мухолифони давлати Либия, вориди шаҳри Бенғозӣ шуд, ки дар дасти ошӯбгарон аст. Айни ҳол, ҳавопаймоҳои НАТО қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либияро дар шаҳри Троблус ҳадаф гирифтанд. Михайил Маргелов, фиристодаи хоси Русия барои Африқо бо намояндагони Шӯрои миллии гузори Либия гуфтӯгу хоҳад дошт. Пеш аз ӯ, фиристодаи Чин ҳам бо намояндагони шӯро мулоқот кард. Русияву Чин танҳо ду аъзои доимии Шӯрои Амният моҳи март ба қатъномаи шӯро раъйи мумтанеъ доданд. Ин қатънома ба нерӯҳои НАТО иҷозаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба нерӯҳои Қаззофиро додааст. Имрӯз дар як ҳаракати ғайримуқаррарӣ ҳавопаймоҳои НАТО рӯзона ба як қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ дар шаҳри Троблус ва бошгоҳҳои низомиёни ӯ ҳамла карданд.
XS
SM
MD
LG