Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомии ҳуқуқи ӯзбактабори Русияро латукӯб кардаанд


Як ҳомии ҳуқуқи ӯзбактабори Русияро дар хонааш дар шаҳри Маскав башиддат латукӯб кардаанд. Баҳром Ҳамроев, корманди созмони “Мемориал”-и Русия рӯзи 6 июн бо ҷароҳатҳои сабук ба бемористоне дар Маскав бистарӣ шуд ва пулиси Русия ба таҳқиқи парвандаи латукӯби ӯ пардохтааст. Баҳром Ҳамроев мегӯяд, ҳамла ба ӯ тарҳрезӣ шуда будааст ва ҳамлаварон ӯро дар назди хона мунтазир шудаанд. Баҳром Ҳамроев, яке аз ҳомиёни шинохтаи ҳуқуқи ӯзбактаборон дар Русия маҳсуб мешавад ва бори дуввум аст, ки мавриди ҳамла қарор мегирад. Ба эътиқоди Виталий Пономарёв, як намояндаи дигари “Мемориал”, Баҳром Ҳамроевро маҳз ба хотири фаъолиятҳояш латукӯб кардаанд.
XS
SM
MD
LG