Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти тоҷикон дар Яман чӣ хоҳад буд?


Дар пайи нооромиҳои Яман, Олмон сафораташ дар ин кишварро баст ва як қатор кишварҳо атбоъи худро аз сафар ҳушдор доданд.

Дар пайи бурузи даргириҳо байни нерӯҳои содиқ ба Солеҳ ва чирикҳои қабоили Ҳашид, бархе кишварҳо, аз ҷумла Украина ва Русия эълон карданд, ки барномаи кӯчонидани шаҳрвандони худ аз Яманро таҳия кардаанд. Сафорати Русия дар Санъо мегӯяд, дар сурати шурӯъи эвакуатсия, бояд садҳо нафарро аз саросари Яман берун бикашад.

Аммо дар Яман даҳҳо табиби тоҷик кор мекунанд, ки дастикам 47 нафараш тавассути 3 ширкати русии “Здравэкспорт”, “Техностройэкспорт” ва “Экспортстрой” истихдом шудаанд. Оё сафорати Русия дар сурати ба кӯчонидани атбоъи худ иқдом карданаш, ин табибони тоҷик низ берун хоҳад кашид?

Ҳайдар Тӯйғунов, сухангӯи сафорати Русия дар Санъо дар посух ба ин суол гуфт: “Дар ҳоли ҳозир, тасмим барои кӯчонидан гирифта нашудааст. Ин мавзӯъ ҳанӯз дар дасти баррасии Маскав ва раҳбарияти сафорат қарор дорад. Аммо бар асоси созишномаи байни кишварҳои муштаракулманофеъ, ки бори аввал дар Либия таҷруба шуд, атбоъи ин кишварҳо муштаракан берун кашида хоҳанд шуд. Дар Либия атбоъи ҳамаи кишварҳои шӯравии собиқро бо ҳавопаймоҳои вазорати ҳолоти фавқулоддаи Русия берун оварданд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, дар ин маврид низ аз айни сенария истифода хоҳанд бурд, чунки дар Яман ба ҷуз аз сафорати Русия, сафорати ҳеҷ кадоме аз кишварҳои ҳамсуд вуҷуд надорад.



Радиои Озодӣ: Аммо вазъи феълии Яман чигуна аст ва оё то куҷо оҷилона кӯчонидани хориҷиҳоро тақозо мекунад?

Тӯйғунов: Авзоъ баъди барои табобат ба Арабистони Саудӣ рафтани Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ором шуд. Гузашта аз ин, байни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи марбут ба иттиҳоди қабилаҳои Ҳашид оташбас эълон шуда, шиддати набардҳо дар Санъо дигар ба мисли як ҳафтаи пеш нест. Дар бархе гӯшаҳои пойтахти Яман то ҳол садои тир баланд шуда, даргириҳои парокандае низ сурат мегиранд, вале чунин задухӯрдҳои густардае, ки барои мисол, қаблан дар минтақаи Ҳасаби Санъо мушоҳида мешуд, дигар нест. Шаҳр хеле оромтар шудааст.

Радиои Озодӣ: Яъне ин нақшаи эвакуатсия метавонад ҳатто кор наояд?

Тӯйғунов: Бале, қарор барои кӯчонидан шояд тасвиб ҳам нашавад. Мо инро низ истисно намекунем.
XS
SM
MD
LG