Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико хостори "гузори сареъи" қудрат дар Яман шуд


Ба думболи тарки Яман кардани раиси ҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ, ки барои табобат ба Арабистони Саудӣ рафт, давлати Амрико хостори “гузариши фаврии қудрат” дар он кишвар шуд. Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар як ҳамлаи мушакӣ ба қароргоҳаш дар шаҳри Саннъо дар рӯзи ҷумъа захмӣ шуд. Мардуми зиёде дар Яман ҳафтаҳост, ки бо баргузории тазоҳурот аз ӯ талаб доранд, аз ҳукумат канорагирӣ кунад. Алӣ Абдулло Солеҳ, бештар аз 33 сол аст, ки дар Яман ҳукумат мекунад. Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед, дирӯз гуфт, “гузариши сареъи ҳукумат дар Яман ба манфиати мардум” хоҳад буд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, гуфт, кишвараш ҳамчунон аз созиши интиқоли мусолиматомези қудрат дар Яман ҳимоят мекунад. Рӯзи душанбе мухолифони давлати Яман аз гузариши қудрат ба дасти Обид Раббо Мансур Ҳодӣ ҳимоят карданд, ки айни ҳол масъулиятҳои раиси ҷумҳурро иҷро мекунад.
XS
SM
MD
LG