Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии паёмадҳои манфии ҳангомаи Е-колӣ


Вазирони кишоварзии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар як ҷаласаи изтирорӣ дар Люксембург, паёмадҳои манфии ҳангомаи бактерияи кушандаи Е колӣ ба тавлидкунандагони фаровардаҳои кишоварзӣ дар Аврупоро баррасӣ мекунанд. Мардуми Аврупо аз тарс ва ба хотири эмин мондан аз сирояти бактерияи Е колӣ, ки 22 нафарро кушт, хариди маҳсулоти кишоварзиро кам карданд, ки аз ин кишоварзон хисороти зиёд диданд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, масъалаи ҷуброни молӣ ба кишоварзони осебдида дар ҷаласаи вазирон дар Люскембург баррасӣ мешавад. Баъди хуруҷи беморӣ дар Олмон, Русия, воридоти фаровардаҳои кишоварзӣ аз Иттиҳодияи Аврупоро мамнӯъ кард ва айни замон Испониё, Ҳолланд, Олмон ва Белжик, бинобар коҳиши содирот, зиёни молии зиёд диданд. Мақомоти Олмон мегӯянд, то кунун сарчашмаи бактерияи Е-колиро пайдо накардаанд, ки 21 нафарро дар ин кишвар ва як нафарро дар Шветсия кушт.
XS
SM
MD
LG