Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври нави музокироти Русия ва Гурҷистон


Имрӯз даври дигари музокироти миёни мақомоти Русия ва Гурҷистон баргузор мешавад, ки се сол пеш бо ҳам ҷанги кӯтоҳе доштанд. Даври 16 гуфтӯгуҳо як рӯз баъди он сурат мегирад, ки давлати Гурҷистон гуфт, аз як бомбгузории фармоишӣ аз тарафи Русия дар наздикии қароргоҳи НАТО дар Тифлис ҷилавгирӣ кард. Музокироти Русияву Гурҷистон бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо, Созмони Милал ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баргузор мешавад ва ҳадаф аз он роҳ надодан ба такрори муноқиша бар сари Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон аст. Русия баъди ҷанги соли 2008 ҳарду ин минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистонро ба унвони кишварҳои мустақил ба расмият шинохт.
XS
SM
MD
LG