Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи муттаҳамон ба қатли хабарнигори қирғиз


Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон муҳокимаи додгоҳии се нафар муттаҳам ба қатли Геннадий Павлюк як хабарнигори қирғизистонӣ оғоз шуд. Геннадий Павлюки 51-соларо моҳи декабри соли 2009 бо дасту пойҳои баста аз ошёнаи шашуми як бино поён андохтанд ва ӯ баъди шаш рӯз ҷон дод. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, яке аз муттаҳамон, маъмури амниятии Кумитаи амнияти Миллии Қирғизистон аст ва ду нафари дигар шаҳрвандони Қазоқистон. Ҳамкоронаш мегӯянд, қатли Геннадий Павлюк, муаасиси нашрия ва торнамои хабарии “Бодбони Сафед” ангезаҳои сиёсӣ дорад, вале ба гуфтаи муфаттишони қазоқ, ин танҳо як ҷинояти маъмулист ва ба сиёсат ҳеҷ иртиботе надорад.
XS
SM
MD
LG