Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Мишел Платинӣ ба Тоҷикистон мавқуф гузошта шуд


Сафари Мишел Платинӣ, раиси Иттиҳоди созмонҳои футболи Аврупо (UEFA), ки мебоист рӯзи 8-уми июн ба Душанбе меомад, мавқуф гузошта шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, хабар дод. Ҷаноби Давлатов афзуд, дар номае, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон аз Иттиҳоди созмонҳои футболи Урупо дарёфт кард, гуфта мешавад, ки ба иллати машғулиятҳои раҳбари УЕФА, сафари Мишел Платинӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба мӯҳлати дигар мононда шуд.
XS
SM
MD
LG