Пайвандҳои дастрасӣ

Алейн Ҷупе: Асад дигар ҳаққи қонунии раҳбариро надорад


Алан Ҷуппе

Алан Ҷуппе

Алан Ҷуппе-вазири корҳои хориҷии Фаронса мегӯяд, Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия баъд аз саркӯбии хунини тазоҳуроти мухолифон аз сӯи нируҳояш дигар ҳақи қонунии раҳбарӣ бар Сурияро надорад. Ҷуппе ин суханонро рӯзи душанбе баъд аз он изҳор дошт, ки телевизиони давлатии Сурия дар бораи куштори 120 нафар кормандони нируҳои амниятии ин кишвар гузориш дод. Вазири корҳои хориҷии Фаронса ин суханонро дар Вошингтон изҳор дошт. Вай афзуд, омода аст аз Шӯрои Амнияти СММ бихоҳад тарҳи қатъномаеро ба райдиҳӣ гузорад, ки дар он режими Асад барои куштору шиканҷаи тазоҳуркунандагони сулҳомез муттаҳам мешавад.
XS
SM
MD
LG