Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чех густариш меёбад


Дирӯз дар шаҳри Душанбе Пжемисл Соботка-муовини порламони ҷумҳурии Чех ва Маҳмудҷон Собиров-муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон равобити дуҷонибаи ҳар ду кишварро баррасӣ карданд. Бино ба хабари дафтари матбуотии ин вазорат, дурнамои ҳамкориҳои густардаи иқтисодӣ мавзӯи гуфтугӯи ҳар ду ҷониб будааст. Оқои Соботка гуфтааст, ҷумҳурии Чех мехоҳад бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа бо Тоҷикистон ҳамкориҳои тиҷоратии худро тавсеа диҳад. Ҷониби Тоҷикистон барои ҳамкорӣ тарҳҳоеро дар бахшҳои иқтисоду нақлиёт, нассоҷӣ ва маодани кӯҳӣ пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG