Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломҳои тоҷикӣ дар Аврупо эътибор пайдо мекунад


Дирӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар оғози боздиди шашрӯзаи худ аз кишварҳои Аврупоӣ дар Страсбурги Фаронса аз Шӯрои Аврупо боздид ва бо Дабири кулли он Торберн Янгланд мулоқот кард. Ҳар ду ҷониб дар ин мулоқот муқовиланомаеро ба имзо расонданд, ки акнун тибқи он дипломҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ ба таври расмӣ эътироф мешавад. Вай дирӯз ҳамчунин бо Эржӣ Бузек –раиси Порламони Аврупо ва аъзои кумитаҳои мухталифи он дидор ва гуфтугӯ кард. Русия то ҳол бо Тоҷикистон-шарики стротегии худ чунин қарордод надорад ва ононе, ки дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил карданд, дипломашон дар Русия эътибор надорад.
XS
SM
MD
LG