Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди оқои Раҳмон даp Австирия оғоз шуд


Боздиди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Австрия оғоз шуд. Вай шаби гузашта аз Cтрасбурги Фаронса ба Австрия омад. Оқои Раҳмон дар Вена бо Ҳейнз Фишер-раиси ҷумҳури Австрия мулоқот мекунад. Ҳайати Тоҷикистон бо ин кишвар чанд санади ҳамкорӣ низ ба имзо хоҳад расонд. Сипас 8-ӯми июн қарор аст Эмомалӣ Раҳмон дар Вена-пойтахти Австрия дар Маҷмаи Ҷаҳонии Иқтисодӣ суханронӣ кунад. Дар нимаи дуввуми 8-ӯми июн оқои Раҳмон ба Люксеамбург меравад ва бо нахуствазиру соири мақомоти раҳбарии ин кишвар мулоқот анҷом медиҳад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин аз Утоқи тиҷорату саноати Люксембург боздид ва дар он ҷо дар маҷмае аз имконоти тиҷоратии Тоҷикистон ҳимоят мекунад. Интизор меравад, ки Люксембург низ бо Тоҷикистон чанд қарордоди ҳамкории дуҷониба ба имзо расонад. 10-ӯми июн дар Люксембург бо Бонки Аврупоии Рушд мулоқот анҷом мегирад ва дар он ҷо масъалаи сармоягузории ин бонк дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Аврупо бо Маҷористон ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG