Пайвандҳои дастрасӣ

Дар порламони Тоҷикистон нимпайкараи Сталинро ёфтанд


Дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни таъмири бинои порламони Тоҷикистон нимпайкараҳои Марксу Энгелс ва Ленину Сталин пайдо шудааст. Дар зери зинаҳои даромадгоҳ дареро пайдо кардаанд, ки рӯи онро андова кардаанд. Баъд аз боз кардани дарича коргарон дидаанд, ки дар дохил нимпайкараҳои ин чаҳор нафарро замоне пинҳон кардаанд. Нимпайкараи Сталинро дар он ҷо дар замони Хрушёв пинҳон кардаанд, вале гуфта мешавад, ки нимпайкараҳои Марксу Энгелс ва Ленинро баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ дар солҳои нобудии пайкараҳои Ленин дар Душанбе дар он ҷо гузоштаанд. Се нимпайкараро ба Шодӣ Шабдолов-раиси Ҳизби Кумунисти Тоҷикистон додаанд ва ҳоло онҳо дафтари кории вайро ороиш медиҳанд. Вале маълум нест, ки нимпайкараи Сталинро чӣ кор кардаанд. Бино ба хабарҳо, нимпайкараи Сталин аз мармар сохта шудааст ва 400 килограм вазн дорад.
XS
SM
MD
LG