Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наздикони Мирзо Бобоев, шаҳрванди Тоҷикистон, мегӯянд, барои озодии ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ пардохтаанд.

Ин маблағе буд, ки қочоқбарони афғон аз аҳли хонадони Мирзо талаб кардаанд. Онҳо шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ду ҳафта пеш ба гарав бурда буданд, раҳо намуданд.

То ҳанӯз чӣ гуна аз марзи Афғонистону Тоҷикистон гузаштаи онҳо ва бо гаравгон ба ҳудуди Афғонистон баргаштанашон номаълум боқӣ мемонад.

Пайвандони Бобоев ҳамчунин тарзи додани пули талабнамудаи қочоқчиёнро ба хотири амнияти хонавода ва наздикони хеш пинҳон медоранд.

Мирзо Бобоев дар хоҷагиии деҳқонии наздик ба марз ронандаи трактор буд ва ӯро гурӯҳи силоҳбадаст аз сари киштзор бо худ бурданд.

То ҳанӯз сабаби ба гарав бурдани Мирзо номаълум аст, вале сокинони деҳоти наздимарзӣ ба ин назаранд, ки қочоқчиён ягон нафарро бе «сабабе» намебаранд.

Аммо чанде пеш Бозор Бобоев, бародари Мирзо гуфта буд, ки рабуда шудани бародараш як рӯйдоди сирф тасодуфист ва эҳтимол қочоқбарон ин корро барои дарёфти пули бе заҳмат анҷом дода бошанд.

Озодии ин гаравгон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ба гуфтаи масъулон то ҳанӯз як сокини Шӯрообод ва ба гуфтаи сокинон ду сокини ин ноҳияи марзӣ дар асорати қочоқбарон қарор дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG