Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ: 26 кушта дар 1 рӯз


Асароти як ҳамлаи дигар дар Рамодӣ
Асароти як ҳамлаи дигар дар Рамодӣ
Имрӯз бар асари хушунатҳо дар Ироқ 26 нафар, аз ҷумла 5 сарбози Амрико кушта шуданд. Ҷузъиёти чигуна кушта шудани асокири Амрико гуфта намешавад, аммо 17 нафар бар асари таркиши маргталабонаи мошини бомбгузоришуда дар Тикрит – зодгоҳи Саддом Ҳусейн – ҷон бохтанд. Ин мошин дар назди дарвозаи кӯшкҳои дар даври Саддом Ҳусейн сохташуда, ки феълан дафтари ниҳодҳои амниятист, таркид ва ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, аксари қурбониён афсарони амниятианд.
Ҳамлаҳо ба як минтақаи суннинишин дар канори Бағдод мунҷар ба ҳалокати як сарбоз ва ду шибҳанизомӣ шуда, таркиши мошини бомбгузоришуда дар кӯчаи Фаластини Бағдод як кушта ва 10 захмӣ ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG