Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигоронро ба қароргоҳи Янукович роҳ надоданд


Виктор Янукович

Виктор Янукович

Раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович ба ваъдаи як сол қаблаш, ки гуфта буд, дуруст як сол баъд хабарнигоронро ба қароргоҳаш роҳ хоҳад дод, амал накард. Янукович рӯзи 6 июни соли гузашта, ки дар Украина Рӯзи хабарнигорон аст, ваъда супурда буд, ки як сол баъд ба хабарнигорон имкон хоҳанд дод, ки ҳаёти ӯву хонаводаашро дар манзилаш ба чашм бубинанд.
Аммо ҳафтаи гузашта ба хабарнигорон гуфтанд, ки онҳо ҳаққи вуруд ба қароргоҳи Януковичро нахоҳанд дошт. Додгоҳи Киев рӯзи шанбе таҷаммӯъ дар рӯбарӯи ин қароргоҳро ҳам манъ кард. Аммо бо вуҷуди ҳукми додгоҳ, имрӯз ҳудуди 60 хабарнигор ба нишони эътироз ба ваъдахилофии Янукович дар даври қароргоҳи раисиҷумҳури Украина ҷамъ шуданд.
XS
SM
MD
LG