Пайвандҳои дастрасӣ

Норасоии захоири оби ҳавзаҳои Ому ва Сирдарё дар соли 2011, масъалаи тақсими оби минтақаро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.

Яраш Пулоов, мудири Пажӯҳишгоҳи обу обёрии Вазорати обу мелиоратсияи Тоҷикистон гуфт, ки боришоти ками борону барф дар соли равон ба ҷараёни оби рӯдхонаҳо низ таъсир кардааст ва акнун камомади об боиси шудааст, ки кишварҳои минтақа вобаста ба захоири андаки об ҳаққи ҳарсолаи худро тақсим кунанд: «Имсол 30 фоиз оби ҳавзаҳо камтар аст ва мутахассисон инро пас аз омӯзиши вазъ мушаххас кардаанд. Бо назардошти ҳамин миқдори оби кам, бояд кишварҳои Осиёи Миёна байни худ обро тақсим кунанд. Дар Тошканд ин масъала баррасӣ шуд, вале кишварҳо ба натиҷаи ниҳоӣ нарасиданд, то ҷое, ки медонам Қирғизистон ба қарордодҳо имзо накардааст.»

ОБ ДАР ХОНАВУ МО ТАШНАЛАБОН МЕГАРДЕМ...

Мувофиқи системаи ягонаи тақсими об байни Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон, ки аз замони Шӯравӣ ба ин тараф танзим карда мешавад, 48 дарсади захоири оби Осиёи Марказӣ ба Узбакистону Туркманистон дода мешавад. Зеро ин кишварҳо замини ҳамвору обии бештар доштанд. Ба Тоҷикистон бошад аз ин захираи об 15,5 дар сад об мерасад, ҳарчанд Тоҷикистон яке аз кишварҳои соҳиби аслии захоири оби минтақа ба шумор меояд.

Истамқул Гадоев, корманди Маркази миллии захоири оби Осиёи Марказӣ мегӯяд, ки бо назардошти танзими замони шӯравӣ, маҳдудияти об ба ҳар кишвари минтақа новобаста аз он, ки дар болооб аст ва ё дар поёноб, тақсим карда мешавад.

"УЗБАКИСТОН ОБ МЕХОҲАД, ОБ"

Вале ба назари ӯ, дар шароити камомади об, масъалаи тақсим тағйир дода мешавад: «Вобаста ба тақсими замони шӯравӣ, республикаҳои Осиёи Марказӣ обро мегиранд. Агар камобӣ шавад, мусалламан лимити кишварҳо кам мешавад. Агар не мо пеши обро гирифта наметавонем. Об мисли пештара ба Узбакистон рехта истодааст.»

Бино ба иттилои Вазорати обу мелиоратсияи Тоҷикистон, Узбакистон мехоҳад, новобаста аз каму зиёд шудани об миқдори лозимии ҳарсолаи худро бигирад. Ва ин масъала дар ҳалли тақсими об байни кишварҳо як печидагиеро пеш овардааст.

Дар моҳи гузашта дар ҳошияи як ҳамоиши байналмилалии об дар Тошканд, мулоқоти ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Миёна бар сари тақсими дурусти захоири об сурат гирифт, вале бенатиҷа анҷом ёфтааст.

НОРИЗОЯТИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲАМОИШИ ТОШКАНД

Дар ҳамин ҳол Султон Раҳимов, муовини аввали вазири Вазорати обу мелиоратсияи Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳамоиши Тошканд мавзуи аслӣ тақрибан сарфи назар шуд ва Узбакистон талош мекард, ки онро ба як маъракаи зидди кишварҳои болооб Қирғизистону Тоҷикистон табдил диҳад.

Ҷаноби Раҳимов гуфт, ки ба ин хотир барои вазири обу мелиоратсия номае таҳия дорад, ки ба ҳамоиши Тошканд бахшида шудааст: «Номае, ки мо ба Созмони ҷаҳонии об омода карда истодааем ба хотири он аст, ки норозияти худро дар нисбати ҳамоиши Тошканд баён дорем. То кадом андоза ин нишаст нодуруст ва ғайримақсаднок сурат гирифт ва яке аз созмондиҳандагони он ҳамин Созмони ҷаҳонии об мебошад.»

Зимнан дар моҳи марти соли 2012 форуми навбати Созмони ҷаҳонии об дар Марсел баргузор хоҳад шуд, ки Тоҷикистон яке кишварҳое мебошад, ки вазъи обу энержии кишварҳоли Осиёи Марказиро дар як гузориш пешкаш хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG