Пайвандҳои дастрасӣ

Натоиҷи дидори Раҳмон бо дабири кулли Шӯрои Аврупо


Раҳмон ва Ягланд

Раҳмон ва Ягланд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Страссбург бо мулоқот бо дабири кулли Шӯрои Аврупо Тёрбёрн Ягланд силсиласафари шашрӯзааш ба Аврупоро оғоз кард. Зимни ин дидор паймон дар мавриди эътирофи дипломҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон дар Аврупо низ имзо шуд. Бино ба гузориши сомонаи Шӯрои Аврупо, дар мулоқот ҷиҳати идомаи муколама байни ин ниҳод ва Тоҷикистон тавофуқ шудааст. Ин муколама аз ҷумла масоили ҳуқуқи башар, ба мисли дифоъ аз ҳуқуқи ақалиятҳои қавмӣ, ва ҳам эъмори ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон ва муқобила бо чолишҳое, чун қочоқи инсон ва терроризмро дар бар мегирад.
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Страссбург бо вакилони парлумони Аврупо ва сипас дар Порис бо мақомоти Фаронса мулоқот мекунад. Оқои Раҳмон ба дунбол ба Австрия ва Люксембургу Маҷористон сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG