Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳе ба озмуни “Ман дар СССР зистаам”


“Муаллим шарҳ медод: -- Aтеизм калимаи грекӣ буда маънояш… астағфируллоҳ, инкор кардани худо мебошад.

Мо бо кафкӯбӣ механдидему касе фикри ба идораҳои дахлдор хабар доданро надошт. Мардум имону эътиқоди мустаҳкам доштанд.”

Ин порчаест аз як хотираи замони СССР, ки зери унвони “Ленин бародар – раҳнамо!” мунташир шуд ва сарлавҳа ба нахустин коршикании сиёсии донишҷӯён дар давраи пахтачинӣ ишора мекунад.

Он ҳам дар ҳоле ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳама гуна эътироз бархӯрди барқосо ва дардноке ба дунбол дошта метавонист.

Улдон Караева, ширкаткунандаи озмуни “Ман дар СССР зистаам”, менависад, донишҷӯён рӯймоли як шарикдарси худро, ки ранги сурх дошт, гирифта, ба чӯбе мебанданд ва онро баланд бардошта, косаҳои алюминиро ба ҳам зада, бо суруди “Ленин бародар – раҳнамо!” ба сӯи ситоди пахтачинии донишгоҳ мераванд. Саҳнае, ки филмҳои инқилобии замони шӯравииро ба ёд меорад.

Аз замони баррасии охири мо ба озмуни “Ман дар СССР зистаам” даҳҳо аксу хотира расид, ки чанде аз онҳо хеле ҷолибанд. Барои намуна, навиштаи Бахтиёри Меҳрубонзод – “Замоне ки чун рӯъё гузашт” ҷанбаъҳои мусбату манфии он давраро зимни хотираҳое мусаббат намуда, ба натиҷае мерасад, ки ҳоло афроди зиёде ба умеди эҳёи рӯъёе бо номи СССР ҳастанд. “Рӯҳи ин қабил инсонҳоро хуйи бардаги фаро гирифтаву худогоҳӣ дар он ҷой нест. Яъне танашон зиндаву гуё рухашон кайхо мурдааст. Онхо танҳо дар ғами шикаманд ва аз фанои Шӯравӣ мотам доранд,” – менависад Бахтиёр ва зоҳиран баҳсеро оташ мезанад. То ҳол ба ин нома 14 шарҳ омадааст.

Рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Шодиев дар хотираи ҷолиби "Барф борад, баъд мӯза мепӯшам" бо тасвири падидае ба номи “дефитсит” (яъне камёб будани ин ё он молу коло) ва “аз зери раф” (под прилавкой) фурӯхта шудани амволи хушсифати хориҷӣ ба равобити миёни инсонҳо мепардозад ва гардиши айёмро нишон медиҳаду мегӯяд, пас аз як коре ки ӯ кард, “об ба лаби ҷӯй баробар шуд.”

Хотираи Сарвар Қурбонов аз замони хуши кӯдакияш меояд. Аз шомгоҳони шоду масрур, ки онҳо ба кино

мерафтанд ва филмҳои ҳиндӣ тамошо мекарданд. “Дар даврони шӯравӣ, вақте ки ба қишлоқ мерафтем, роҳҳои мошингард ободу зебо буданд ва пирони кӯҳансол мисли муйсафедони афсонагӣ зебову хушрӯй буданд. Нисбати он ки намозхонӣ манъ буд, ин дурӯғи маҳз аст. Шахсе, ки мехост, тоату ибодат намудан ҳамеша дар болои ҷои намоз буд. Умуман дар даврони СССР дар назари ман офтоб гармтар, осмон кабудтару обҳои дарёҳо софтар буданд, ё ин даврони хурдӣ ба инсон чунин менамояд?”

Хонандае эътироз кардааст, ки наметавон гуфт, намозхонӣ мамнӯъ набуд. Ҳамин мавзӯи дин дар СССР мӯҳтавои асосии навиштаи ҷолиби Абдуманнон Шералиевро ташкил додааст, ки мегӯяд, ҷомеа андаруни як дурӯғи бузурге мезист. Ин сабаб мегашт, ки ӯ аксаран худро дар ҷаҳони ворунае меёфт ва ду нирӯ дар вуҷудаш бо ҳам дар ситез буд. Баҳои расмӣ ба падидаҳо дигар буду баҳои ғайрирасмии байни мардум дигар.

Мухолифати ботинии муаллиф рӯзе ба авҷаш мерасад, ки мехоҳанд, ӯро ба узви созмони ҷавонон – комсомол бипазиранд. Ин лаҳза барои вай лаҳзаи кашфиёте мешавад, ки на дигарон аз пеш барояш анҷом додаанд, балки худаш ба он расидааст. Чӣ кашфиёт, агар донистан бихоҳед, навиштаи ӯро зери номи “Ман ҳам дар СССР зиставу сӯхтаам” бихонед.

Агар дар боби хотираҳои навиштаҳои ҷолибе ба озмун пешниҳод шудаанд, дар боби аксҳо озмун ба як навъ камбағалию фақр рӯбарӯ шуда, бо расмҳои таблиғотии аҳди Шӯравӣ маҳдуд гаштааст. Чанд аксе, ки Махлоил Фармонов рафон кардааст, ҷолибанд, аммо рӯшан нест, аксҳо аз Тоҷикистонанд ё гӯшаҳои дигари Шӯравӣ, ҳарчанд бисёр чизҳо дар он давра шакли яксон дошт.

Фаромӯш накунед, ки ҷоиза барои аксҳо ҷудост ва агар аксҳои хубу ҷолиб нарасад, шояд ҷоизаҳо

соҳибе пайдо накунанд. Шояд Шумо мушкили нусхагирӣ (скан) доред. Он гоҳ метавонед, ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе ё хабарнигорони мо дар минтақаҳо муроҷиат кунед ва онҳо ба Шумо кӯмак хоҳанд кард. Шитоб кунед, аз ҷоизаҳои мо бенасиб намонед.

Як нукта ҳам бояд ёдрас шавад, ки Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ баъдан аз ҷамъи беҳтарин хотира ва беҳтарин аксҳо китоберо бо номи “Ман дар СССР зистаам” мунташир ва ба таври ройгон ба хонандагон тақдим хоҳад дошт. Пас, агар хотираи ҷолибе нақл кардед ё акси шавқангезе фиристодед, муаллифи китобе низ хоҳад шуд, ки ин худ низ як ҷоизаи иловагист.

Бархе аз Шумо дар фиристодани акс мушкил доред ва хостаед, бароятон шарҳ диҳем. Агар ба ин сафҳа равед ва дастури онро ба ҷо оред, осонтарин роҳи равон кардани аксҳоро пайдо хоҳед кард.

Ва чун ҳамеша тозатарин хотираву аксҳоро дар сафҳаи вижаи "Ман дар СССР зистаам" хоҳед дид. Шартҳои озмуни мо низ дар он ҷо мунташир шудаанд.

XS
SM
MD
LG