Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи додгоҳи Страусс-Кан дар Ню-Йорк


U.S. -- Former IMF chief Dominique Strauss-Kahn and his wife Anne Sinclair arrive for a hearing at the New York State Criminal Courthouse in New York, 06Jun2011
U.S. -- Former IMF chief Dominique Strauss-Kahn and his wife Anne Sinclair arrive for a hearing at the New York State Criminal Courthouse in New York, 06Jun2011
Раҳбари собиқи Сандуқи байналмилалии пул Доминик Страусс-Кан ба додгоҳи Ню-Йорк омад, то мавзеъаш нисбат ба иттиҳоми қасди таҷовуз ба номуси як хидматкори меҳмонхонаро баён кунад. Интизор меравад, ки ӯ иттиҳомоти эълоншударо расман радд кунад. Страусс-Кани 62-сола тибқи 7 банд, аз ҷумла ба қасди таҷовуз ба номуси як ходими 32-солаи меҳмонхонаи “Sofitel” дар Манҳеттени Ню-Йорк айбдор мешавад.
Қабл аз боздошташ дар таърихи 14 май, ӯ аз иқтисоддонҳои мӯътабари дунё ва рақиби эҳтимолии Никола Саркозӣ дар интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурии Фаронса ба шумор мерафт. Страусс-Кан баъди боздошташ аз раёсати Сандуқи пул истеъфо дод ва феълан дар Ню-Йорк таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG