Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳманмоҳ – оғози фурӯпошӣ ва ҷанг


Аз рӯйдодҳои марбут ба фурӯпошии СССР ман беш аз ҳама ба ҳодисаҳои “баҳманмоҳи хунин” таваҷҷӯҳ дорам ва мехоҳам, чанд нуктаеро дар ин робита мавриди мутолиаи шореҳони таърих ва хонандагони азизу гиромӣ вогузор кунам.

Бори аввал дар соли 1987, вақти анҷоми вазифа дар Афғонистон як нафар мутахассиси ҷаҳони арманӣ (дорои унвонҳои доктори улуми тиб ва профессор) аз Пажӯҳишгоҳи ортопедӣ ва травматологияи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ш. Маскав ба намояндагӣ аз як дастаи пизишкону пажӯҳишгарон ва Вазорати сиҳати оммаи Афғонистон қарордодеро ба имзо расониданд. Бино бар ин қарордод тарафи афғонӣ (дар шифохонаи 400-бистараи ш. Кобул) мебоист бо дастаи пизишкони Шӯравӣ чанд утоқи ҷарроҳӣ ва ҳам палатаҳои муолиҷавиро муҳайё созад.
Докторони шӯравӣ чанд ба таври билоиваз бо тамоми мавод ва таҷҳизоти лозимаи хеш ба тадовӣ ва муолиҷаи маҷрӯҳони ҷанги афғонӣ вазифа анҷом хоҳанд дод.

Баъд аз мулоқоти ниҳоӣ бо вазири ҳамон вазоратхона, мушовир П.П. Петров он сармутахассиси ҷавонро барои “як пиёла чой” ба утоқи корияш хонд. Дар сӯҳбат банда низ иштирок доштам.

Зимни сӯҳбат аз ину он, мушовир аз ҷавони маскавӣ ҳадафи ба имзо расондани қарордоди фавқулодаро пурсон шуд. Марди ҷавон дар аввал ҳадафро сирф “иқдоми интернасионалӣ” маънидод кард, ки он замон истилоҳи мазкур дар дидорҳои расмӣ зуд?зуд садо медод.

Мушовир ба чунин ҷавоби сармутахассис табассуми маънидоре аз худ нишон дода, бо истифода аз салоҳияти замон, синнусол ва ҳам эътибороти собиқааш андак бо лаҳни дурушт, ба маънои “маро гӯл назам”—гуфт. Он гоҳ сармутахассис лозим донист, ҷавоби қаноатбахш гӯяд.

Вай изҳор дошт, ки бино бар гуфтаи соҳибназарон авзои иҷтимоӣ солҳои наздик Иттиҳоди Шӯравииро ҷанги шаҳрвандӣ таҳдид мекунад ва акнун дар мамлакат чунин мутахассисон, ки ба тадовӣ ва шикастбандии маҷршӯҳони ҷангӣ аз осори силоҳҳои муосир ворид бошанд, куллан вуҷуд надоранд. Дар шароити феълӣ Афғонистон барои пажӯҳишгарони Маскав маҳалли мусоид барои касби таҷриба ва маҳорат хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, ман бори аввал садои ҷанги шаҳрвандиро шунида будам.

Бори дуввум, авоили соли 1989 дар Душанбе бо нафаре дар маросими таъзияи як ҳамдиёрамон чун тавилулмуддат ҳамсӯҳбат будем, вай харидории аслиҳаро бароям тавсия дод. Сабабашро пурсон шудам, ки ӯ дар ҷавоб пешомади ҷанги дохилиро далел овард. Гӯё барояш ҳамон гиносҳояш мегуфтаанд, ки солҳои зиёд ва баткрор дар маҳбасхонаҳо бо ҳам сарнавишт доштааст. Барояш дарёфти ҳама гуна аслиҳаи дифоӣ имконпазир ба назар мерасид.

Собиқ молики бӯстонсарои ман баъди чанд муддат аз сафаре баргашт ва ба дӯстонаш мужда дод, ки дар фулон вилояти Русия манзиле харидрӣ кардааст ва зимни сӯҳбат ба онон ибтикорашро ташвиқ кард. Рафиқонаш дар ҷавоб ӯро “тарсу“ номиданд. Ӯ гуфт: “Шумо ки имрӯз маро “тарсу” мегӯяд, фардо хоҳам дид, ки чӣ тавр аз Тоҷикистон фирор хоҳед кард.”
Дарвоқеъ баъд аз ҳодисаҳои “баҳманмоҳ” дар баҳори соли 1990 ҳамаи чаҳор рафиқи ӯ бӯсонсарояшонро ба таври оҷил фурӯхтанд ва яке аз онҳо холисона маро ҳам тавсия дод, ки ҳарчӣ метавонам зудтар Тоҷикистонро тарк кунам. Вагарна анқариб ин диёрро даҳшатҳои ниоҳят хунин фаргир мешавад ва ғайраю ҳоказо.

Ин ҳама пешгӯиҳоро гӯё барояш нафарони боэътимод гуфта бошанд.

Бори охир, садои ҷанги дохилиро аз сӯҳбат бо як марди лоҳурӣ хулоса бардоштам. Тобистони ҳамон сол (1990) нафареро дар саҳни бӯстонсарои ҳамсоя машғули кор дидам, ки худро мардикор аз Лоҳур муаррифӣ кард. Дар сӯҳбат маълум шуд, ки ӯ муваққатан аз манзилаш фирорӣ шудааст ва нафарҳое дар Лоҳур будаанд, ки ба ҷонаш таҳдид кардаанд. Далел овард, ки низомиёни авдатшуда аз афғонистон дар фурӯши аслиҳа ва тиру туфанг бо сатил ченак мекунанд ва ашхоси қиёфаашон қафқозӣ баста-баста бо худ аслиҳа мебаранд. Ва дар яке аз лаҳзаҳои доду гирифт онон (фурӯшгарон ва харидорони аслиҳа) майли кунҷкоҳии ин мардро дида, ба таъқибаш даст задаанд.

Ғайр аз ин дар арафаи воқеаи “бюаҳманмоҳ” ман шахсан шоҳид будам, ки дар нақлиёти шаҳрӣ баъзе нафарон беибо ва ҳам ба таври густарда мардумро ба гирдиҳамоӣ даъват мекарданд ва як далелашон дар Душанбе ҷойгузин шудани осебдитдагони зилзилаи Арманистон буда, аз дунболи он чанд масоили доғи рӯзро низ матраҳ мекарданд ва мардумро таҳрик медоданд, ки алайҳи ҳукумат ба эътирози умум бароянд. Ҳарчанд он солҳо КГБ муллоҳоро дар қиёфаи ришдорон меҷуст, таблиғчиёни митинг аксар ришдор набуда, шеваи гуфторашон муллоёна ба назар намерасид.

Мунтаҳо, аз нуқоти фавқ метавон хулоса бардошт, ки тазодҳои байниҳамии мардум Қафқоз, нооромиҳо дар вилояти Фарғонаи Узбакистон, ҷанги дохилии Тоҷикистон ва ғайра дар хоки Шӯравии собиқ ҳаводиси тасодуфӣ набуда, балки бо тарҳрезии пешакӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Чун маҳз дар ҳамиин гуна манотиқ “пешдаргирони ҳариқ” омода шуда б уд ва ба созмондиҳандагони “сӯхтор” фақат як “гӯгирдчӯб” даркор буду бас.

Барои ҷилавгирӣ аз ҷанги дохилӣ дар мисоли Тоҷикистон ташаккули миллӣ, маърифати шаҳрвандӣ, омилҳои иттиҳод ва якпорчагии мардум ба таври кофӣ муҳайё набуданд. Бисёр ҳукуматдорони замон дар ин замина аз фаросати идорӣ не, балки аз нирӯи ифротиён кор гирифтанд.
Содатарин нишонаҳои ваҳдати милли ро замоне метавон мушҳоида кард, ки, масалан, издиҳом сурудеро ё аз фарти шодӣ ва ё аз заъфу нокомӣ бо як овоз садо диҳанд.

Мутаассифона, то ба имрӯз чунин “суруди дастҷамъона” дар Тоҷикистон иншо нашудааст. Шояд ҳар маҳаллу диёр суруди худаш, хонандаи худаш ва паҳлавону сиёсатмадори худашро дошта бошад, ки мояи ифтихори ҳамон маҳал боқӣ монда. Дар ин замина ҳеҷ гуна шиор нақше анҷом дода наметавонад, амалҳои лозим бояд миатраҳ кард.

Н. Камолзода,
бознишаста
XS
SM
MD
LG