Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломи тоҷикӣ дар Аврупо низ эътироф хоҳад шуд


Эмомалӣ Раҳмон ва Торберн Ягланд
Эмомалӣ Раҳмон ва Торберн Ягланд
Силсиласафари шашрӯзаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо аз Страссбурги Фаронса ва бо мулоқот бо дабири кулли Шӯрои Аврупо Тёрбёрн Ягланд оғоз ёфт. Зимни ин мулоқот паймоне ба имзо расид, ки тибқи он, маълумоти олии дар донишгоҳҳои Тоҷикистон гирифташуда бояд дар қаламрави Аврупо эътироф шавад. Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон дар Страссбург бо аъзои яке аз кумитаҳои парлумони Аврупо ва сипас дар Порис бо мақомоти Фаронса мулоқот кунад. Оқои Раҳмон ба дунбол аз Австрия ва Люксембургу Маҷористон низ дидан хоҳад кард. Ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон ҳадафи аслии ин сафар ном бурда мешавад.
XS
SM
MD
LG