Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи аввали додгоҳи марги Сафаралӣ Сангов


С.Сангов қабл аз маргаш дар бемористон
С.Сангов қабл аз маргаш дар бемористон
Ду милисаи муттаҳам дар парвандаи марги Сафаралӣ Сангов имрӯз дар додгоҳ гуноҳи худро қисман пазируфтанд. Тафтишот ин ду ходими шӯъбаи аввали умури дохилаи ноҳияи Синои Душанберо ба он айбдор мекунад, ки натавонистаанд аз даст ба ҷони худ задани ин сокини 37-солаи пойтахт пешгирӣ кунанд. Мурофиаи ин парванда имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Сино оғоз ёфт. Аммо Сарвиноз Ҳикматова, ҳамсари Сафаралӣ Сангов, ба Радиои Озодӣ гуфт, мутмаин ҳаст, ки шавҳараш худкушӣ накардааст, балки ӯро куштанд. Сафаралӣ Сангов рӯзи 1 март бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд, вале 4 рӯз баъд дар бемористони Қарияи боло даргузашт. Пайвандонаш мегӯянд, иллати марги ӯ шиканҷаест, ки дар идораи милиса нисбат ба ӯ раво дидаанд.
XS
SM
MD
LG