Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ман Анушаи Қурбонзода, зодаи вилояти Суғд ва муқими шаҳри Душанбе мебошам. Қиссае, ки мехоҳам манзури шумо, азизон, кунам, аз фарҳанги қабристондориву эҳтироми рӯҳу арвоҳи гузаштагон ҳикоят мекунад.

Аз вафоти модаркалонам ҳанӯз як сол пур нашудааст. Мо ҳама наберагону аберагон бо меҳр "бибиҷон"-аш мегуфтем. Бибиҷони ман бисёр зани меҳрубон, дасткушоду ятимпарвар буд. Як бурида нонро танҳо намехӯрд. Агар мефаҳмид, ки дар ҳамин гузар ё дар гирду гӯша ягон мусофир ё ятиму камбағале ҳаст, косаи хӯрокро аввал барои ӯ мебурду баъд худаш мехӯрд.

Як одати аҷибе дошт, ки хоҳ кӯдаки худӣ бошаду хоҳ бегона, дидан баробар ӯро мебӯсиду навозиш мекард. Ҳамеша аз забони биҷонам ба шакар мерехт. Суханаҳои ширине дошт ба монанди «Шумо ба мурам» , «ҷон бачем», «холаат садқа», «аз сарат гардам», «дар пеши потон мурам»...

Аз вафоташ қариб як сол мегузараду ҳанӯз ба ёдаш оби чашмони на танҳо мо -- пайвандонаш, балки ҳаққу ҳамсоя ва бегонаҳо ҳам кам нашудааст.

Як соли пеш бибиҷонам аз як бемории сахт аз дунё гузашт ва мо қариб як сол аст, ки дилҳоямон ба ёдаш ва ҳарфҳои ширину навозишҳояш, гум мезанад. Мардинаҳои авлодамон ҳар рӯзи ҷумъа, пас аз намоз, дар ҷанозагоҳи назди қабристон рафта, ба арвоҳи бибиҷонам дуо мекардаанд, лекин мо бори аввал, дар зодрӯзаш ҳама ҷамъ омадем. Ману модарам, холаам ва дигар пайвандон аз Душанбе ва дигар манотиқ ҷамъ шуда, хостем рафта сари гӯри бибиҷонамро хабар бигирем ва як каф дуо ба арвоҳаш бифиристем. Вале ҳайҳот, ки муяссарамон нашуд. Мо қабри бибиҷонамро аз миёни қабрҳои дигар пайдо карда натавонистем.Чунки болои тамоми қабрҳоро алаф зер карда буду, маълум набуд, ки инҷо гӯристон аст ё ягон дашти пуралаф. Аксари қабрҳо фурӯ рафтаву ба хок яксон буданд. Ҳатто ягон нишоне ё санге ва ҳатто ниҳоле ҳамчун нишона дар сари ин гӯрҳо дида намешуд.

Мо, пайвандон, кори савоб мекунем гуфта, гуноҳ ҳам гирифтем ба худ. Чунки пайроҳаро, ки аз гӯрҳо фарқ карда намешуд, нафаҳмида аз болои гӯрҳо рафта, қабри гузаштагони он манзили охиратро зери по карда гӯри бибиҷонамро кофтем. Дар ниҳояти кор муваффақ нашудему дар сари қабри бегонае ба арвоҳи биҷонам ва тамоми гузаштагони он макон дуо карда гирёну нолон ва андӯҳи дучанд дар сина, баргаштему ба хотири поси арвоҳаш датсурхон густурда қироъати Қуръон карда дуову фотиҳа кадему дар баробари шод намудани рӯҳи бибиҷонам, аз худо омӯрзиши гуноҳи худамонро низ кардем, ки хоки гузаштагонро зери по кардем.

Мо худу мардони хонаводаро барои чунин беэтиромӣ ба қабри бибиҷонам ва рӯҳу арвоҳи ӯ накӯҳиш кардему рӯзи дигар дар пайи ислоҳи он шудем, вале посбони қабристон ва имомхатиби масҷиди деҳаамон иҷозатамон надод. Ва фатво дод, ки шумо бояд хурсанд бошед, ки қабри модаратон як сол нашуда фурӯ рафтааст ва болояшро алаф зер кардааст. Одамони бегуноҳу биҳиштиро қабрашон ин тавр мешавад. Бояд қабри гузаштагон бисёр хоксорона бошад. Аҷибаш ин аст, ки дар дигар деҳаҳо чунин нест. Қабристонҳои деҳоти дигари вилояти мо ободу тозаву озода аст ва сари қабрҳоро ҳатман дарахте ё ягон санге ҳамчун нишона оро медиҳад. Суоле маро нороҳат мекунад, оё магар фармудаи дину мазҳаб барои ҳар маҳалу ҳар ноҳия дигар аст?

Хуб, дуруст аст, ки қабри инсон, яъне хонаи охирати ӯ бояд хоксорона бошад, вале фармудаи пайғабари мо Ҳазрати Муҳаммад (СС) аст, ки «Сари хоки волидонатонро хабар бигиред».

Магар пайғамбари ислом дар ин фармудааш нигоҳубини гӯристон покизаву озода нигоҳ доштани сари гӯр ва атрофи онро дар назар надоштанд?

Дар ҷое хона будам, ки дар гузашта аҳли қалам, адибону ҳунармандон, вақте маҳфил меоростанд, дар баробари байтбараку маҳфиолориҳои дигар, муаммоёбиву чистонгуйӣ мекардаанд ва як муаммои машҳуре сари забонҳо будааст ба ин маънӣ: «Замин ба нохуни боронҳо, тани пуробила мехорад»

Яъне гӯяндаи ин муаммо ё чистон манзараи гӯристонро дар рӯзи боронӣ дар назар дорад, ки гӯрҳо мисли обилаҳои заминанду замин гӯйё тани обидадори худро мехорад.

Манзури ман аз ин гуфта чист?

Яъне ҳамеша ва дар ҳама давру замон ва дар ҳама дину мазҳаб як назари яксон вуҷуд доштааст, ки гӯри одам аз замин болотар бояд бошаду нишонае низ дошта бошад. Вале муллоҳои деҳаи мо бошанд аз чӣ бошад, ки ин обилаҳоро ба хок яксон карданд ва намегузонанд, ки мардум гӯри азизонашонро аз алафҳо тоза кунанду нишонае гузорад, то ояндагонашон низ гӯри онҳоро биёбанду бишносанду ба арвоҳашон дуо фиристанд. Албатта дуруст аст, ки фарқе надорад дар ҳар куҷое дуо кунӣ, ба арвоҳи гузаштагон мерасад, вале ба ҳар сурат шинохтани гӯри пайвандон барои одам боз ба он хотир зарур аст, ки касро сари андешаҳои баланди инсонӣ мебарад.

Ман шунидам, ки баъди ҳар 40 соле, ки пушти сар мешавад, ин қабристони деҳаи мо аз устухонҳои одамон покиза карда мешаваду дар он боз гӯрҳои дигар мекандаанд. Ва аз эҳтимол дур нест, ки чунин фатвоҳоро ҳам ба ҳамин ҷиҳат фикр карда баровардаанд, ки мардум гӯри азизонашонро нашиносанду ҳангоми тоза кардани қабристон, даъво накунанд?

Ё агар чунин аст, яъне агар нигоҳубину нишонагузории сари қабрҳо мумкин нест, пас чаро як китобе таъсис намедиҳанд, ки мисли кишварҳои дигари мусалмонӣ, ному насаби маъйит ва дар кадом ҷониби қабристон дафн шуданаш навишта шуда бошад? Хулоса чандин суолҳои ман дар ин маврид беҷавоб мондаанд, лекин ман фарҳанги қабристондории мардуми Аврупоро дида ҳасад мебарам, ки чӣ қадар хушбахтанд онҳо. Ҳам зиндаашон қадр дораду ҳам мурдаашон. Қабристонҳояшон як боғи сарсабзу хуррам ва бо назму низомеро мемонад. Аз хурд то бузург дар ҳар вақту соате, ки бихоҳанд, сари қабри азизонашонро хабар мегиранд. Бе ягон мушкилӣ қабри пайванданшонро меёбанду лаҳзае нишаста хаёлан бо гумкардаҳояшон сӯҳбат кардаву уқдаҳои дилашонро мекушонад.

Дар мазҳаби мо шояд гузоштани аксу пайкара ва ягон лавҳаҳои боҳашамату пурмасраф дар сари гӯр қабул набошад, вале наход гузоштани як санг ва ё ягон нишонаи дигар, гузашта аз ин ҳатто тоза кардани атрофи қабр, шинондани гулу дарахт гуноҳ бошад? Ҳаргиз ман бовар намекунам, ки ин вубол бошад. Фармудаи бузургони илму ирфон аст, ки: «Гӯристон барои мурдагон нест, гуристон барои зиндагон аст, ки то донад фардо қадрашон чист» ва ё маънии дигаре ҳаст, ки манзил сохтан дар назди гӯристон савоб аст. Чунки дар як рӯз чандин бор аз назди қабристон мегузарӣ ва чандин бор ба худ суол мекунӣ, ки оё дар ин ҷаҳон чӣ гуна будиву чӣ гуна зистӣ?

Ба гӯристон гузар кун то бубинӣ,
Ки дунё бо азизонат чӣ кардаст...


Агар гӯристонро аз дашти алафзор фарқ карда натавонӣ, чӣ гуна ба фаҳми ин маъниҳои баланду хирадмандона ва омӯзанда метавонӣ рафт, ки «ҳамин аст поёни роҳи умри ҳамаи мо. Ва дар ин масири кӯтоҳ бояд беҳтар буду беҳтар зист?

Анӯшаи Қурбонзода, сокини Душанбе

Масъули бахш: Сафаргули Олимӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG