Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Ироқ 5 сарбози Амрико кушта шуданд


Низомиҳои Амрико мегӯянд, имрӯз дар манотиқи марказии Ироқ 5 сарбози амрикоӣ кушта шуданд. Ин мақомот ҷузъиёт надоданд, вале бино ба гузоришҳои тасдиқношудаи матбуоти маҳаллӣ, ин асокир бар асари ҳамлаи мушакӣ ба як пойгоҳи Амрико дар канори Бағдод ҷон бохтаанд. Бино ба ҳисобҳои мустақил, дар Ироқ аз оғози ҷанги таҳти раҳбарии Амрико, яъне аз моҳи марти соли 2003, 4459 сарбози амрикоӣ кушта шудаанд. Феълан дар Ироқ ҳудуди 45 000 сарбози Амрико боқӣ мемонад, ки асосан машғули тамрини нирӯҳои амниятии маҳаллианд.
XS
SM
MD
LG