Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Мун ба оромӣ дар пайи даргириҳои Ҷӯлон


Дабири кулли СММ дар пайи даргириҳои рӯзи якшанбе дар ҳошияи марзи Сурия бо теппаҳои аз сӯи Исроил ишғолшудаи Ҷӯлон ба хештандорӣ даъват кардааст. Бан Кӣ Мун дар баёнияаш «истифодаи хушунат ва куллия иқдомотеро, ки ба хушунат таҳрик медиҳанд» маҳкум кард. Сурия мегӯяд, бар асари болои издиҳоми озими ин минтақа тир андохтани нирӯҳои Исроил 23 тан кушта шуданд. Исроил шумори кушташудаҳоро ба чолиш кашида, мегӯяд, ин мардум мехост марзро убур кунад.
Сухангӯи давлати Исроил Марк Регев режими Башшор Асадро ба роҳнамоии ин эътирозҳо ба хотири аз мадди таваҷҷӯҳ дур кардани саркӯбии хунини ошӯбҳои зидди ин режим айбдор кард. Бино ба хабарҳо, пулиси Сурия имрӯз дар ин минтақа посгоҳҳо гузошта, аз рехтани мардум ба ин минтақаи баҳсӣ ҷилавгирӣ мекард.
XS
SM
MD
LG