Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Oxfam” тахаллуфот дар Покистонро таҳқиқ хоҳад кард


Созмони хайрияи бритониёии “Oxfam” гуфт, ба таҳқиқи мавридҳои эҳтимолии “тахаллуфоти молӣ” дар робита ба амалиётҳои кумакаш ба селзадагони Покистон пардохтааст. “Oxfam” гуфт, дар пайи афзоиши шикоёт пиромуни ба қурбониёни сел дар вилояти Синд нарасидани кумакҳо ширкати аудитории “PricewaterhouseCoopers” ба бозрасӣ шурӯъ кардааст. Таҳқиқи қазия ғолибан аз 3 то 4 ҳафтаро дар бар хоҳад гирифт. Обхезиҳои пурқурбонии соли гузашта вахимтарин офати табиӣ дар чандин даҳсолаи охир дар Покистон унвон мешавад.
XS
SM
MD
LG