Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 17 ҷангӣ дар атрофи Вано


Вано - яке аз пойгоҳҳои ҷангиён дар Покистон
Вано - яке аз пойгоҳҳои ҷангиён дар Покистон
Мақомоти амниятии маҳаллӣ дар Покистон мегӯянд, ҳамлаҳои мушакии ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико дар Вазиристони ҷанубӣ мунҷар ба ҳалокати дастикам 17 тане шуд, ки бовар меравад, ҷангиён бошанд. Ба гуфтаи мақомот, имрӯз 2 мушак ба як паноҳгоҳи ҷангиён ва як мадрасаи воқеъ дар наздикиаш дар ҳошияи Вано, бузургтарин шаҳри ин вилоят асобат карда, дастикам 14 ҷангиро кушта ба ҷо гузошт. Дастикам 3 ҷангии дигар бар асари ҳамлаи дигари мушакӣ дар 50-километрии Вано, дар марзи байни Вазиристони шимоливу ҷанубӣ кушта шудаанд. Бовар меравад, ки бар асари як чунин ҳамлаи мушакии шоми ҷумъа дар Вазиристони ҷанубӣ Илёс Кашмирӣ, яке аз фармондеҳони Ал-Қоида ҷон бохта бошад. Аммо мақомот мегӯянд, ҳанӯз дар пайи таҳқиқи воқеъияти ин хабаранд.
XS
SM
MD
LG