Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ман дар СССР зистаам, оре...


1. Ман корманди «Ҷайра» будам

Замони ба синфи 6-ум гузаштанам аз сабаби қалами хуби тасвирбардорӣ доштанам маро ба рӯзномаи пионерӣ ва тахтаи девории «Ҷайра» ва «Хорпуштак», ки аслан дар он ҷавонони танбал, духон, дарсгурез ва беадабро ҷой медоданд, хамчун рассом қабул намуданд.

Вазифаи ман аз он иборат буд, ки роҳбари пионерон рӯйхати чунин хонандагони қафомондаро ба ман медоду ман бошад бояд сурати онхоро ба таври масхараомез ба онҳо монанд карда ба тасвир меовардам.

Бо ин ҳунари худ агарчӣ дар байни муаллимон соҳиби обру гардида бошам ҳам лекин пас аз муддате ман душмани рақами 1-и хонандагони дасргурезу беадаб гардидам.

Аммо баъдтар 2 мартаба хонандагони синфҳои болоӣ бо сабаби он ки ман сурати онҳоро дар тахтаи «Ҷайра» тасвир намудам, маро дошта латукӯб намуданд ва ман ҳам баъдтар аз ин вазифаам даст кашидаам.

2.«Чашма» маро аз депортатсия халос кард

Дар солҳои шуравӣ маҷаллаи наврасон «Чашма», ки дар саросари кишвар маҳбубият дошт, яке аз дӯстдоштатарин маҷаллаҳои бачагона ба ҳисоб мерафт. Мо низ аксаран ба ин маҷалла ва рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва «Анбоз» обуна будему бад ин васила тавассути мактуб бо хонандагони дигар кишварҳо дӯстӣ доштем.

Банда дар он солҳо орзу доштам, ки маҳорати сураткашиамро дар «Чашма» идома диҳам. Мутаассифона, ин орзуи ман танҳо баъди пошхӯрии СССР амалӣ гардид ва соли 2000-ум ман фаъолияти кориамро аввалин шуда дар ин маҷалла шурӯъ намудам. Соли 2001 дар замимаи маҷаллаи «Чашма» ҳафтавори «Рахшо» ба фаъолият шурӯъ кард ва ман ҳамчун мухбири ин ҳафтавор фаъолиятамро дар он идома додам ва дар ҳуҷҷати ман мӯҳри «Чашма» меистод.

Соли 2004 гардиши рӯзгор маро ба шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия бурд. Иттифоқан боре ҳангоми рейди навбатии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ба дасти онҳо афтода мондам ва бо гурӯҳи қариб 100-нафараи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба ШКД-и ноҳияи Дзержинскийи шаҳри Новосибирск рафтем.

Аммо ҳангоми пурсиш ман худамро журналист муаррифӣ намудам (ҳарчанд шиносномаамро ҳамроҳ надоштам). Дар натиҷа ҳама ба ман писханд заданд, аммо як капитани милисаи рус мӯҳри «Чашма»-ро дар ҳуҷҷати ман дида ба ваҷд омад ва пурсид :
-- Как будет «Чашма» на русском языке? Ман ҷавоб додам:
-- «Родник».
-- О, хороший был журнальчик, жаль что сейчас Союза нету, -афсӯсхӯрон иброз дошт ӯ.

Ҳамин тавр ӯ маро бидуни ягон ҷаримаву таҳқир аз он ҷо ҷавоб дод, аммо чанд рафиқам ки дар он буданд ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуданд.

3.Кока-кола ва ҳодисаи «девонашав»- ии ман

Тобистон тавассути деҳаи мо -- Панҷрӯд шумораи зиёди сайёҳон ба мавзеи Кӯли калон, ки дар байни қаторкӯҳҳои Чимтарғаи ноҳияи Панҷакент ҷойгир шудааст, равона мешуданд.

Ҳоло ҳам сайёҳони зиёде аз Инглистону Олмон, Русияву дигар кишварҳо ба он ҷо баҳри саёҳат мебиёянд. Солҳои бачагӣ мо чунин сайёҳонро, ки гоҳо ба мо «раҳм» карда, асои сайёҳатиашонро тақдим мекарданд, дунболагирӣ мекардем.

Иттифоқан боре ману ҳамсоям Насиб бо сайёҳони англис вохӯрда мондем, аммо ҳарчанд ки бо лаҳни шикастаи русӣ «дай палку, дай палку» мегуфтем, на онҳо моро мефаҳмиданду на мо онҳоро. Табиист, ки он замон дар синфи 7-8 таҳсил доштем. Аммо як сайёҳи англис аз ҳамроҳонаш ҷудо шуда, дар даст ду зарфи тунукагини рангаш сурхи навиштаҷотдорро ба назди мо овард ва тақдим карданӣ хост. Аммо суханони у ба мо нофаҳмо буданд.

Бобои Элмурод, яке аз мӯйсафедони калони деҳ ин аҳволро мушоҳида намуда моро ба каноре даъват намуда гуфт:

«Нагиред, бачаҳо. Инҳо душмананд, душмани шӯравӣ ва ҳам душмани мусулмонҳо ҳастанд. Яқин ки дар дохили он чизе ҳаст. Аҷаб нест, ки заҳр ва ё ягон касалии паҳншаванда бошад. Нагиред.»

Аммо аз тарси Бобои Элмурод онро нагирифта бошем ҳам, ҳисси кунҷковии мо моро ором намегузошт. Охир мо чашми ин мӯйсафедро хато кардему ба назди онҳо рафта аз нав «дай палку» гуфтем. Он сайёҳ моро дида табассум намуд ва дуто аз ҳамон зарфҳоро ба мо тақдим намуд.

Мо бошем, он ду қуттиро гирифта аз онҷо гурехтем ва дар зери купрӯки дарё руст шуда, ҳарчанд кӯшиш кардем ба кушодани он сарфаҳм нарафтем. Охир ин хел зарфҳо дар мағозаҳои замони шӯравӣ вуҷуд надоштанд. Баъди чанде ноилоҷ ба назди сайёҳон баргаштем ва маҳзунона зарфҳоро бозпас дароз намудем.

Сайёҳи англисро ин кори мо аҷаб омад. Ва як нафарро ба сӯяш даъват карда, моро ишора-
кунон чизе мегуфт. Он шахс ба назди мо омада худро тарҷумон муаррифӣ кард ва гуфт:

-- Ман тарҷумони инҳо ҳастам, шумо бачаҳо натарсед, ин нӯшокии хуб аст, бемалол гиред, нӯши ҷон кунед.

Ман бошам бо сари хам ба онҳо ҷавоб додам, ки «Охир мо гирифтем, лекин ин чӣ хел зарф аст, ки ба кушоданаш ақламон нарасид». Пас аз тарҷумаи суханони ман онҳо ҳарду қоҳ-қоҳ занон хандиданд ва тарҷумон ҷавоб дод:

-- Инҳоро дар хориҷа тайёр мекунанд ва ин қуттиҳоро «баночний» ва инҳоро нӯшокии «Кока-кола» мегӯянд ва онҳоро кушода ба мо дод.

Ҳарчанд, ки бо ҳавас мо онро нӯшидем, аммо чӣ будани онро намедонистем ва қуттиҳояшро низ нигоҳ медоштем. Аммо баъд аз чанд сол дар экрани шабакаи телевизионии ОРТ рекламаи “Кока-кола” бо ҳамин хел зарфҳои рангаш сурхи тунукагин ё ба таври дигар «баночний» пайдо шуд ва ба ман ба ҳамсинфонам шодикунон гуфтам, ки « Ман инро аллакай нӯшидагӣ». Ҳамсинфонам бошад дар ҷавоб ба ман девона лақаб монданд ва гуфтанд, ки ин чизи навбаромад аст, барои ҳамин реклама мешавад, ба ҷои мо он то ҳанӯз нарасидааст. Ту чӣ дар хоби шабат онро нӯшидӣ? Ту яқин девонаӣ!.

4.Падарам аз тӯҳфа маҳрум шуд.

Падарам дар совхози овозадори “Рудакӣ” дар ферма ба ҳайси даҳмарда кор мекард. Боре дар рӯзномаи «Зарафшон» ҳамчун колхозчии пешқадам сураташро чоп карданду ҳамин тавр дар майдони шаҳри Панҷакент сураташ дар гӯшаи ифтихорӣ ҷой гирифт. Дар ин замина номи ӯ ба рӯйхате, ки бояд аз ҷониби давлат бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ мегардиданд, дохил карда шуд.

Аммо як шомгоҳон ба хонаи мо як корманди калони совхоз омада аз падарам хоҳиш дошт, ки навбаташро ба ӯ диҳаду соли оянда ба ҷои ӯ падарам соҳиби тӯҳфа хоҳад гашт ва албатта, ӯ барои ин амал падарамро розӣ хоҳад кунонд. Барои «ҳурмат»-и ӯ падарам розӣ шуду навбаташро ба ӯ бахшид ва гуфт, то соли дигар ҳеҷ гап не, сабр мекунад. Он шахс аз хурсандӣ ба куртааш нағунҷида баромада рафт.

Дере нагузашта маълум шуд, ки тӯҳфаи муайянгардида мошини тамғаи «Нива» будаасту давутози он шахс аз ҳамин ҳисоб. То навбати ояндаи дигари падарам давлати шӯравӣ аз байн рафт.

Нурмаҳмад Раҳимов

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG