Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Расул Боқиев дар Ҷоми ҷаҳонии дзюдо


Расул Боқиев, паҳлавони тоҷик, дар яке аз даврҳои Ҷоми ҷаҳонии дзюдо, барандаи медали тилло шуд.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор шуд, паҳлавони тоҷик дар сабқати мардон дар вазни то 73 килограм ин пирӯзиро ба даст овард.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Ширинҷон Мамадсафоев, ноиби раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд: “Расул дар вазни то 73 килограмм нахуст бар рақибаш Стефан Бичисан, аз Руминия, ғолиб омад. Дар даврҳои баъдӣ Ҷорҷ Фернандеси португолӣ ва Ҷонатан Аллардони фаронсавиро шикаст дод. Расул дар даври ниманиҳоӣ Даниел Уиллямси инглисро мағлуб кард ва дар қувваозмоии ниҳоӣ бар рақибаш Иосеф Палелашвилии исроилӣ дастболо шуд. Расул Боқиев дар ин мусобиқа соҳиби 100 имтиёз гардид ва умуман, бо 298 имтиёз дар феҳрасти ҷаҳонии дзюдо ба қатори 30 нафар беҳтарин дзюдочиён дохил хоҳад шуд”.

Вале паҳлавонони дигари тоҷик Фарҳод Раҳимов (81 кг), Парвиз Собиров (90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (то 100 кг) аз медалҳои мусобиқот бенасиб монданд. Раҳимов ва Собиров пас аз ду пирӯзӣ дар даври баъдӣ мағлуб гаштанд. Абдураҳмонов бошад, дар нахустин қувваозмоии худ шикаст хӯрд.


Дар сабқати мардон, ки дар доираи Ҷоми ҷаҳонӣ баргузор шуд, 253 гуштигир аз 46 кишвари дунё ширкат дошт. Дар ҳисоби дастаӣ Гурҷистон бо касби 3 медали тилло ва 1 нуқра ғолиб шуд. Маҷористон бо касби 1 медали тилло ва 1 биринҷӣ дар ҷои дуввум қарор гирифт. Дастаҳои Руминия, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чех ҳар кадом бо 1 медали тилло севум шуданд.

Даври навбатии Ҷоми ҷаҳонии дзюдо миёни мардон рӯзҳои 11-уму 12-уми июн дар шаҳри Таллинни Эстония баргузор хоҳад шуд.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми ҷаҳонӣ дар Бухарест:

- 60 кг
1. ШУКВАНИ Беткил (Гурҷистон)
2. ЭНГЛМАЙЕР Тобиас (Олмон)
3. НОУР Иссам (Фаронса)
3. ПАИШЕР Людвиг (Австрия)

- 66 кг
1. ФАСИЕ Дан Георг (Руминия)
2. ЛАРОШ Дэвид (Фаронса)
3. ОАТЕС Колин (Британияи Кабир)
3. ЗАГРОДНИК Павел (Лаҳистон)

-73 кг
1. БОҚИЕВ Расул (Тоҷикистон)
2. ПАЛЕЛАШВИЛИ Иосеф (Исроил)
3. АЛЛАРДОН Ҷонатан (Фаронса)
3. ВАНЛИОГЛУ Хасан (Туркия)

-81 кг
1. ЧРИКИШВИЛИ Автандил (Гурҷистон)
2. ВАСИЛЕНКО Артём (Украина)
3. ЖАННИН Антуан (Фаронса)
3. КРИЗСАН Сзаболтс (Маҷористон)

-90 кг
1. ГОГОТЧУРИ Звиад (Гурҷистон)
2. СУЛЕМИН Григорий (Русия)
3. МАМЕДОВ Чингиз (Қирғизистон)
3. РЭНДЛ Милан (Словакия)

-100 кг
1. КРПАЛЕК Лукас (Ҷумҳурии Чех)
2. ДАРВИШ Рамадан (Миср)
3. ЛЕЙТЕ Леонардо (Бразилия)
3. МЕКИЧ Амел (Босния ва Гертсеговина)

+100 кг
1. БОР Барна (Маҷористон)
2. ХАНЖАЛИАШВИЛИ Звиади (Гурҷистон)
3. БОСТАНОВ Сослан (Русия)
3. САНТОС Валтер (Бразилия)
XS
SM
MD
LG