Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ


Шукурҷон Зуҳуров

Шукурҷон Зуҳуров

Як ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар раъси Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба Кореаи Ҷанубӣ сафар намудааст. Тибқи гузоришҳо, сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо даъвати раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Пак Хи Та сурат гирифта ва қарор аст дар ҷараёни ин сафар Шукурҷон Зуҳуров бо дигар мақомоти баландпояи ин кишвар дидору гуфтугӯ намояд. Инчунин дар ҷараёни ин сафар мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо донишҷӯёни тоҷики муқими ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG