Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Яман: "Ба Солеҳ иҷозаи бозгашт намедиҳем"


Мухолифони Яман дар хиёбонҳои Санъо
Мухолифони Яман дар хиёбонҳои Санъо

Мухолифони Яман мегӯянд ба Алӣ Абдулло Солеҳ иҷозаи бозгашт ба кишварро нахоҳанд дод.

Алӣ Абдулло Солеҳ, раиси ҷумҳури Яман рӯзи ҷумъа дар пайи таркише, ки дар Кохи раёсати ҷумҳурӣ рух дод захмӣ гашт ва барои муолиҷа ба бемористоне дар Арабистони Саудӣ мунтақил шуд.

Хабари хуруҷи Алӣ Абдулло Солеҳ мавҷе аз суруру шодиро дар миёни мухолифони вай барангехтааст. Муҳаммад Қаттон, сухангӯи ҷиноҳи мухолифон дар парлумони Яман мегӯяд: «Мо бо тамоми қувва талош мекунем, ки ҷилави бозгашти ӯ ба кишварро бигирем.»

 Даргирии нерӯҳои давлатӣ ва мухолифон дар пойтахти Яман
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:40 0:00



Муҳаммад Қаттон гуфт: «Ин оғозе бар поёни ин ҳукумати истибдодӣ ва фосид аст.»

Ба гузориши хабаргузории Фаронса ва ба нақл аз як мақоми Саудӣ, бар чеҳраи Алӣ Абдулло Солеҳ рӯзи якшанбе ду амалиёти ҷарроҳӣ сурат гирифт, ки ба гуфтаи ӯ «муваффақомез» будааст. Ин мақоми Саудӣ, ки хостааст номе аз вай бурда нашавад, ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки дар ҷарроҳии нахуст, як хунпора аз синаи вай хориҷ шуда ва дар амали дуввум гардани вай ҷарроҳӣ шудааст.

Ин мақоми Саудӣ афзудааст, дар марҳилаи баъдӣ бар рӯи Абдулло Солеҳ ҷарроҳии пластикӣ сурат хоҳад гирифт ва давраи муолиҷаи вай «ду ҳафта» хоҳад буд. Ба гуфтаи ин мақоми Саудӣ, Алӣ Абдулло Солеҳ пас аз беҳбудӣ ба кишвараш боз мегардад.

Алӣ Абдулло Солеҳ рӯзи ҷумъа захмӣ шуд ва рӯзи шанбе ба Арабистони Саудӣ мунтақил шуд.

Муҳаммад Қаттон, сухангӯи ҷиноҳи мухолифон дар парлумони Яман мегӯяд, Алӣ Абдулло Солеҳ бо як ҳавопаймои муҷаҳҳаз ба таҷҳизоти пизишкӣ ба як бемористони низомӣ дар Арабистон интиқол дода шуд ва як ҳавопаймои дигар ҳам хонаводаи вайро ба Арабистон бурд.

Бо ин ҳол як мақоми яманӣ ҷароҳатҳои воридшуда бар Алӣ Абдулло Солеҳро камаҳамият дониста ва гуфтааст, ки вай танҳо дучори сӯхтагӣ ва харошидагӣ бар рӯй ва сина шудааст. Давлати Яман шайх Содиқ Аҳмар, раиси як қабилаи мухолифро масъули ҳамла ба раёсати ҷумҳурӣ эълон кардааст. Шибҳи низомиёни ин қабилаи пурнуфуз пас аз он, ки тарҳи интиқоли қудрат ба бунбаст расид, бо нерӯҳои давлатӣ дар пойтахти ин кишвар дар набард ҳастанд.



Хабаргузории Фаронса гузориш медиҳад, ки Аҳмад, писари бузурги Алӣ Абдулло Солеҳ, ки фармондеҳи Горди раёсати ҷумҳурӣ аст, ҳамчунон дар ин кишвар аст. Ба гуфтаи мухолифон, Алӣ Абдулло Солеҳ пеш аз он, ки нооромиҳо дар ин кишвар оғоз шавад, қасд дошт қудратро ба Аҳмад вогузор кунад.

Рӯзи якшанбе даҳҳо нафар аз мардуми Яман хуруҷи Алӣ Абдулло Солеҳ аз кишварро ҷашн гирифтанд ва ба шукронаи он гӯсфанд қурбонӣ карданд.

Алӣ Абдулло Солеҳ, 33 сол аст зимоми умури Яманро дар ихтиёр дорад ва дар чаҳор моҳе, ки аз эътирозҳо дар ин кишвар мегузарад, чанд бор ваъдаи вогузории қудрат дод аммо ба он амал накард. Дар ин чаҳор моҳ дастикам 200 нафар дар Ямак кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG