Пайвандҳои дастрасӣ

Ватани бактерияи кушандаи E. Coli Олмон будааст


Акнун мақомоти расмии Олмон мегӯянд, сабзиҷоте, ки дар Олмон парвариш ёфтааст, сабаби пайдоиши бактерияи E. Coli дар Аврупо шудааст. Аз ин бактерия 22 нафар даргузаштаанд ва бештар аз 2 000 нафари дигар ба беморӣ гирифтор шудаанд. Герт Линдеман-вазири кишоварзии Саксони поён гуфт, дар санҷишҳои муқаддамотӣ ошкор шудааст, ки дар нутфа ё тухмҳои лубиё ва соири сабзиҷот, ки дар ширкати такмили ҳуҷайраҳо парвариш ёфтаанд, E. Coli ба вуҷуд омадааст ва ин бактерия ба 5 аёлати Олмон сироят кардааст. Натиҷаҳои ниҳоии санҷиш имрӯз эълон мешавад. Пештар мақомоти Олмон мегуфтанд, ки ин бактерия дар сабзиҷоти Испания пайдо шудааст. Вале куштори танҳо 21 нафар дар Олмон шаҳодат медиҳад, ки ин бактерия решаҳои олмонӣ дорад. Як нафар дар Шветсия даргузаштааст.
XS
SM
MD
LG