Пайвандҳои дастрасӣ

Гейтс: Хуруҷи нируҳо аз Афғонистон ба тадриҷ хоҳад буд


Роберт Гейтс

Роберт Гейтс

Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико дар ҷараёни боздидаш аз Афғонистон гуфт, ки хуруҷи марҳала ба марҳалаи нируҳо аз Афғонистон ба тадриҷ ва бо низом хоҳад буд. Вай ин нуктаро зимни боздидаш аз пойгоҳи низомии нируҳои Амрико дар вилояти Ҳилманд изҳор дошт. Интизор меравад, ки Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико моҳи оянда тасмими худро дар бораи хуруҷи нируҳои Амрико аз Афғонистон эълон кунад.
XS
SM
MD
LG