Пайвандҳои дастрасӣ

Миср аз СБП 3 миллиард доллар қарз мегирад


Миср мегӯяд, Сандуқи Байналмиллалии Пул розӣ шудааст, ки барои 12 моҳ ба ин кишвар 3 миллиард доллар қарз диҳад, то Миср битавонад иқтисоди худро дубора гардон кунад. Шӯрише, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳурро аз қудрат дур афканд, рафту омади ҷаҳонгардонро ба ин кишвар коҳиш додааст, сармоягузорон камтар сармоя мегузоранд, ки дар натиҷа даромад аз молиёт коҳиш ёфтааст ва ҳукумати давраи гузор камбуди пули нақдро эҳсос мекунад. Ҳафтаи гузашта ҳукумат будҷаи соли 2011-2012-ро ба тасвиб расонд, ки бахши масорифи он чаҳоряк баробар афзоиш ёфтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG